Ноябр

27

Санаи 20.11.2017 хонандагони муассиса бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷ.Т. ва парчами миллии Ҷ.Т. дар театри тамошобини навраси ба номи О.Назаров баргузор гардид. Инчунин санаи 24.11.2017 аз раҳпаймоӣ оғоз ёфта намоиши китобҳои нодир ва корҳои эҷодии хонандагон баргузор гардид.
Июн

02

Санаи 1.06.2017 бахшида ба рӯзи муҳофизати кӯдакон дар боғи фарҳангии Камоли Хуҷандӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар озмуни "Расми беҳтарин" дар мавзӯи "Кӯдакон ояндаи миллат" хонандагони муассиса Шарифов Ёсин ва Турсунов Манучеҳр сазовори ҷои дуюм дониста шуда, соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи "20-солагии Истиқлолият" гардиданд.
Май

19

Санаи 18.05.2017 ба хонандагон ва ҷавонони болаёқати ш. Хуҷанд идрорпулии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода супорида шуд, ки дар он хонандаи синфи 9-уми МТУҒ "Гулчини маърифат" Рустамов Дилшодбек низ гирандаи идрорпулии раиси шаҳр гардид.
Май

19

Санаҳои 14-15 майи соли равон бахшида ба соли ҷавонон дар ш. Гулистон мусобиҷаи варзишӣ дар намуди "Муҳорибаи дастии ҷангӣ" дар миқёси Осиё баргузор гардид, ки хонандаи синфи 9а МТУҒ "Гулчини маърифат" Қаландаров Шарифҷон иштирок намуда сазовори ҷои III гардид.
Май

12

Маълумотнома Санаи 11.05.2017 дар МТУҒ “Гулчини маърифат” фестивал-озмун бахшида ба иди ҷавонон таҳти унвони “Ҳоло, ки ман ҷавонам.” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузори чорабинии мазкур таҳлили сиёсати давлат, густариши ҳисси меҳнатпарастӣ ва ифтихори миллии хонандагон мебошад. Ҷавониро чун рамзи тавоноӣ , қудрад , шукуфоӣ ва саодатманди пазируфтаанд. Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Вобаста ба ин , дар ҳар давлати пешрафта ба нақши ҷавонон ва ба нерӯи созандаи онҳо эътибори махсус дода мешавад. Аз ин ҷониб , хонандагони муасисаи мазкур дар тақвими сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин фестивал-озмун аз руи чанд шартҳо баромад намуда , ҳунару маҳорати худро нишон доданд. Дар чорабинӣ Низомиддин Муродӣ, устоди ДДХ Маъруфзода Маъбуд, мутахасиси пешбари раёсати ҷавонон , варзиш ва саёҳии вилояти Суғд Отаева Ҳамроҳхон Наимовна ҷонишини раиси кумитаи иҷроия ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (Истиқлол) иштирок намуданд. Аз ҷумла хонандагони ҳунари дӯзандагӣ , ороишӣ муйи идона омода намудани оши палав ва хуришҳо , шириниҳо , маҳорати сурудхониву рақсидани худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамчунин савганди ҷавонон , ки ба номи Ватан , Президенти мамлакат , падару модар ёд карданд , аз сиёсати роҳбари давлат пайгири карданд , аз ифтихори баланди миллат доштани онҳо шаҳодат медод. Иштироки ҳунармандони маъруф Дамирбек Олимов ва Толиб Исмоилов ба чорабини шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Апрел

28

Бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии об аз тарафи Раёсати маориф ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят санаи 16.02.2017с. озмуни ғоибона баргузор гардид .Бо роҳбарии омӯзгорон Дӯстматова У ва Ҷалилова М дар озмун хонандаи синфи 7Б Турсунов М. иштирок намуда сазовори дипломи дараҷаи 1ум ва хонандаи синфи 7а Хоҷамирзода М. сазовори сипоснома гардид.